Ultimate magazine theme for WordPress.

- реклама -

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ГУФТ, ИН “ВИРУСИ БЕЗЕБ” ДАР ТОҶИКИСТОН КОРОНАВИРУС НЕСТ

0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 17 декабри соли 2023 бо нашри як матлаби муфассал овозаҳо дар бораи гӯё дар ҷумҳурӣ пайдо шудани нави коронавируси COVID-Omicron XBB-ро рад кард ва гуфт, “маълумоти мазкур асоси воқеӣ надорад ва ҳоло бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар дар гардиш ҳастанд, на ягон намуд вируси хатарнок”.
Вазорат гуфт, имрӯзҳо аз нафароне, ки бо нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, ташхиси бемории COVID-19 низ гирифта мешавад, вале “хушбахтона, натиҷаи ташхисҳо нишон медиҳанд, ки то кунун дар мамлакат ягон нафар ба ин вирус гирифтор нест”.
Вазорат ба ин далел, аз ҳама хостааст, ки “ба чунин маълумоти ҳангомасоз ва иғвоангез бовар накунанд, балки бо истифода аз тавсияи мутахассисони соҳа худ ва наздиконашро аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафас эмин нигоҳ доранд”.
Ин дар ҳолест, ки чанд ҳафта боз сокинони Тоҷикистон аз гирифтор шуданашон ба як навъи назар ба зукоми маъмулӣ хеле сахттари грипп хабар дода, тахмин мезаданд, ки зоҳиран ин коронавирус аст. Аз ҷумла онҳое, ки дар вақташ коронавирусро аз сар гузарондаанд, менависанд, ки н ба истилоҳ гриппе, ки гирифторашон кард, ҳатто аз коронавирус сахттар паси сар шуда истодааст.
Аз ин рӯ, бархе сокинон ба шарҳи вазорат бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд. Аз ҷумла бо дарназардошти собиқаи ин вазорат, ки ҳатто дар рӯзҳои авҷи коронавирус дар солҳои 2020 ва 2021, ки ҳазорон нафар гирифтори вирус шуда буданд, омори воқеии гирифторӣ ба коронавирус ва талафот аз ин бемории қаттолро пинҳон мекард.

Оставьте ответ

Ваш электронный адрес не будет опубликован.