Ultimate magazine theme for WordPress.

- реклама -

ТАВСИЯИ МАҚОМОТИ МАСКАВ БА МУСУЛМОНОН НАМОЗИ ИДРО ДАР ХОНА ХОНЕД

0

Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти шаҳри Маскав, пойтахти Русия имсол мехоҳанд баргузории намози идро дар масҷидҳои ин шаҳр мисли даврони пандемияи коронавирус маҳдуд кунанд. Аммо ин дафъа дар робита ба ҳамлаи хунини террористӣ дар толори консертҳои “Крокус”.
Телеграм-канали «Осторожо, новости!» рӯзи 3 апрели соли 2024 бо нашри нусхаи номаи департаменти сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳрдории Маскав ба префектҳо хабар дод, ки ба мусулмонон дар шаҳри Маскав тавсия додаанд, ки дар рӯзи иди Рамазон “намози идро дар хона хонанд”.
Дар нома аз префектҳо (раисони воҳидҳои маъмурии шаҳри Маскав) хоста шудааст, то мусулмононро дар арафаи иди Фитр дар бораи маҳдудиятҳои дар Маскав ҷоришуда хабардор кунанд. Аз префектҳо хоста шудааст, то тавассути корфармоён ба кормандони мусулмони онҳо бирасонанд, ки пахши мустақими намозҳо тавассути Интернет ташкил карда мешавад ва “ба диндорон тавсия дода мешавад, ки намози идро дар хона адо кунанд”.
Дар нома таъкид шудааст, ки бояд ба хабардор кардаи зодагони Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи вижа бидиҳанд.
Гуфта мешавад, ки имсол низ намози ид дар 6 нуқта: 4 масҷиди ҷомеъ ва ҳамчунин дар боғи Соколники ва Маркази навъҳои техникии варзиш доир мешавад.
Бо онки дар пойтахти Русия, бино ба оморҳои ғайрирасмӣ, то 4 миллион мусулмон ба сар мебаранд, барои онҳо танҳо 4 масҷиди ҷомеъ амал мекунанд.

Оставьте ответ

Ваш электронный адрес не будет опубликован.