Ultimate magazine theme for WordPress.

- реклама -

93 ФОИЗИ АҲОЛИИ КАЛОНСОЛИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС ЭМ КАРДА ШУДААНД

0

Вазорати тандурусти Тоҷикикистон хабар дод, ки то 20 апрел дар ҷумҳурӣ 5 миллиону 202 ҳазору 268 нафар, яъне 92,9 фоизи аҳолии калонсоли кишвар ба вояи якуми ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуда, 5 миллиону 27 ҳазору 496 нафар, ё худ 89,8 фоиз бо вояи дуюм ва 1 миллиону 756 ҳазору 58 нафар ё 31,4 дарсад алакай бо вояи сеюм моякӯбӣ шудаанд.
Вазорат гуфт, бо мақсади эмкунии сокинон ва пешгирии бемории коронавирус ба Тоҷикистон то имрӯз 14 миллиону 516 ҳазору 60 вояи ваксинаҳои AstraZeneca, CoronaVac, Moderna, Pfizer ва Спутник V оварда шудаанд. Ҳамаи ин ваксинаҳо тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башардӯстона, яъне ба сурати ройгон ба Тоҷикистон дода шудаанд.
Бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус аз 3 июли соли 2021, гирифтани ваксинаи зидди ин беморӣ барои тамоми сокинони синнашон аз 18 боло ҳатмӣ мебошад. Шумораи он сокинони Тоҷикистон, ки бояд ҳатман аз коронавирус ваксина бигиранд, наздики 5,9 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Оставьте ответ

Ваш электронный адрес не будет опубликован.